Мизи мудаввар оид ба муаррифии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди “сабз” рузи 2 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи вазорат муаррифии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор намуд, ки вобаста ба он маълумоти мухтасар манзур мегардад.
Бо мақсади амалӣ намудани банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сархати 4 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022, №2 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентября соли 2022, №482 ба тасвиб расидааст.
Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.
Амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ба Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ҷиҳати мушаххас намудани корҳо дар самти рушди иқтисоди сабз нақшаи амал барои амалишавии он дар солҳои 2023-2025 ва индикаторҳои асосии Стратегия замима мегарданд.
Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, институтҳои молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва аз дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешаванд. Ҳаҷми маблағгузрории “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” 21586,3 млн. сомониро пешбинӣ намудааст.
Манбаи муҳими рушди иқтисоди сабз дар кишвар ин дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд мебошад, ки ҳамкории молиявии онҳо дар табиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми калидӣ дорад. Бинобар ин дар раванди татбиқи Стратегия бо институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории самаранок роҳандозӣ карда мешавад.
Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба панҷ марҳила тақсим мегардад:
- марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди «сабз», таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;
- марҳилаҳои сеюм ва чорум (солҳои 2029-2031 ва солҳои 2032-2034) чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин идомаи таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди «сабз» дар кишварро дар бар мегирад;
- марҳилаи панҷум (солҳои 2035-2037) чорабиниҳо дар самти рушди иқтисоди «сабз», нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила бозори рушдкардаистодаи сармоягузории «сабз» дар кишвар ташаккул меёбад.
Дар ин асосҳо ва бо мақсади рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди амалисозӣ қарор мегирад.