Навиди иқтисодӣ



Пешгӯии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба коҳишёбии рушди иқтисодиёт дар Шарқи Наздик

.

 

 

 

Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) огоҳ намуд, ки сустшавии иқтисоди ҷаҳон ва афзоиши низоъҳои тиҷоратӣ ва геосиёсӣ ба рушди иқтисодиёти давлатҳои Шарқи Наздик монеаҳои иқтисодӣ эҷод менамоянд.

 

ХБА пешгӯӣ менамояд, ки рушди иқтисодиёт дар давлатҳои содиркунандаи нафт дар минтақаи «MENAP» (Шарқи Наздик, Африкаи Шимолӣ, Афғонистон ва Покистон) дар соли 2019 нисбат ба соли гузашта аз 0,4 фоиз то 0,6 фоиз коҳиш меёбад. Ин қисман бо назардошти муқаррар кардани таҳримҳои ИМА, ки ба коҳишёбии иқтисодиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи 6,0 фоиз, инчунин маҳдудияти истихроҷи нафт дар доираи созишномаи ОПЕК+вобастагӣ дорад, баҳодиҳӣ карда шудааст.

Инчунин ХБА пешбинӣ менамояд, ки дар давлатҳои воридкунандаи нафти минтақаи MENAP рушди иқтисодиёт дар соли 2019 нисбат ба соли гузашта то 3,6 фоиз коҳиш ёфта, дар давраи солҳои 2020-2023 то 4,2 фоиз босуръат афзоиш меёбад.