Навиди иқтисодӣ



Паст кардани меъёри фоизӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

Раиси Бонки марказии Озарбойҷон изҳор намуд, ки Бонки марказии кишвар қарор оид ба кам кардани меъёри фоизиро дар сатҳи то 8,75 фоиз қабул намуд.

 

Тибқи маълумоти «Интерфакс» мавсуф қайд намуд, ки устувор гардидани нархи нафт дар моҳҳои охир, сатҳи пасти таваррум ва вазъи муътадили макроиқтисодӣ боиси аз 9,0 фоиз то 8,75 фоиз паст намудани меъёри фоизӣ гардид.

Дар соли 2018 Бонки марказӣ меъёри фоизиро 4 маротиба - аз 15,0 фоиз то 9,75 фоиз паст кард.