Навиди иқтисодӣ



Ҷорӣ намудани боҷҳои нави ИМА ба молҳои хитойӣ ба истеъмолкунандагони амрикоӣ таъсир мерасонад

.

Тибқи маълумоти Агентии иттилоотии «CNBC» ҷорӣ намудани боҷҳо ба молҳои хитойӣ, ки Президенти ИМА изҳор намуда буд ба истеъмолкунандагони амрикоӣ таъсир мерасонад.

 

Президенти ИМА 5-уми май дар Twitter навишта буд, ки боҷҳои воридотӣ ба молҳои хитойӣ ба маблағи 200 млрд. доллар аз 10,0 фоиз то 25,0 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин Президенти ИМА таҳдид намуд, ки дар рӯзҳои наздик боҷҳоро ба молҳои иловагӣ ба андозаи 25,0 фоиз ё 325 млрд. доллар ҷорӣ менамояд.

Тибқи маълумоти «Citigroup» ба 40,0 фоизи молҳои истеъмолии аз Хитой ба ИМА воридшаванда боҷҳо муқаррар нашудааст. Боҷҳои иловагӣ ба молҳои хитойӣ ба молҳои истеъмолӣ таъсир расонида, арзиш ва хароҷотро барои истеъмолкунандагони амрикоӣ зиёд намояд.