Навиди иқтисодӣ



Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис додани ширкатҳои нави давлатиро дар кишвар манъ кард

.

Аз рӯи маълумоти «Вести.Экономика» Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар рафти ҷаласаи Шӯрои миллии сармоягузорон оид ба ҷорӣ намудани моратория барои таъсис додани ширкатҳои нави давлатӣ изҳорот намуд.

 

Президент ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки то якуми сентябр ҳама намуди фаъолияти ширкатҳои давлатиро санҷида, барои кам кардани онҳо таклиф пешниҳод намоянд.

Мавсуф қайд намуд, ки низоми рақобатпазирии иқтисодиёт аз ҳисоби тиҷорати хусусӣ ташаккул меёбад. Маҳз бо ҳамин сабаб масъалагузорӣ шуд, ки ҳиссаи давлат дар иқтисодиёт ба талаботи стандартҳои давлатҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд расонида шавад.