Ҷумҳурии Халқии Хитой захираҳои тиллоро нисбат ба доллари ИМА зиёд намуд
Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи май захираҳои тиллоро нисбат ба доллари ИМА бо суръати баланд аз моҳи январи соли 2016 зиёд намуд.
Коршиноси «TD Securities» изҳор менамояд, ки ин диверсификатсия нисбат ба доллар буда, бо назардошти низоъҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Хитой авҷ гирифта истодааст.
Таҳлилгарони «Argonaut Securities Ltd» қайд менамоянд, ки бо чунин суръат Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2019 метавонад то 150 тонна тилло харид намояд. «BullionStar.com» менависад, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бозори тилло бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ҳиндустон пешсаф мебошанд.