Навиди иқтисодӣ



Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон дар моҳҳои январ-май 4 фоиз рушд намуд

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон изҳор намуд, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳҳои январ-май 4 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум бо ҳисоби солона ба 1-уми июн 5,3 фоизро ташкил дод. Мувофиқи дурнамои кишвар ММД дар соли 2019-ум 3,8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.

 

Рушди иқтисодиёт дар ин давар аз ҳисоби афзоиши сохтмон ва савдо 7,5 фоизӣ, нақлиёт 5,3 фоиз, бахши коркард, аз ҷумла мошинсозӣ 16 фоиз, махсусан саноати мошинсозӣ 44,4 фоиз, саноати сабук 23 фоиз, истихроҷи металлҳои ранга 15,7 фоиз ва коркарди нафт 9,4 фоиз таъмин гардидааст.

Сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон 7,8 фоиз афзоиш ёфтааст. 

 

www.vestifinance.ru