Навиди иқтисодӣ



Бонки халқии Хитой меъёри фоизи қарзиро коҳиш дод

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Тибқи маълумоти «Вести Экономика» Бонки марказии Хитой хабар дода буд, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳо ва нигоҳдории коҳишёбии иқтисодиёт арзиши қарздиҳиро кам менамояд.

 

Бонки маркази Хитой меъёри фоизи қарзиро барои 1 сол дар сатҳи 4,25 фоиз муқаррар кард. Қаблан ин нишондиҳанда 4,31 фоизро ташкил медод. Меъёри фоизи қарзӣ барои қарзгирони боэътимод низ коҳиш дода шуда, айни замон 4,35 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи механизми нави фоизи қарзӣ, ки Бонки марказии Хитой муайян намудааст, сар карда аз 20 августи соли 2019 тамоми қарзҳои муҳлаташон 1 ва 5 сола бо меъёри нав пешниҳод мешаванд. Бонки марказии Хитой боварӣ дорад, ки меъёрҳои нави муайяншуда ба пешбурди сиёсати пулию қарзӣ мусоидат менамояд.

www.vestifinance.ru

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное