Навиди иқтисодӣ



Муфлисшавии молиявӣ (дефолт) оид ба вомбаргҳои корпоративии Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

«Вести.Экономика» дар робита бо маълумоти Агентии Bloomberg иттилоъ медиҳад, ки дар соли ҷорӣ бисёре аз ширкатҳои хитоӣ бо сабаби фишори сахти коҳишёбии иқтисодиёти кишвар дар вомбаргҳои хусусӣ дефолт эълон карда истодаанд.

 

Дар натиҷа ноширони (эмитентҳои) миллӣ то моҳи августи соли ҷорӣ аллакай пардохтҳоро вобаста ба вомбаргҳои хусусӣ то 31,8 млрд. юан (4,4 млрд. доллар) аз даст доданд. Қайд бояд кард, ки тибқи маълумоти China Chengxin International Credit Rating Co солҳои 2017-2018 дар маҷмуъ ҳаҷми дефолтҳо дар вомбаргҳои хусусӣ ҳамагӣ 26,7 млрд. юанро ташкил намуда буд.

Ҳамзамон сармоягузорон барои хавфҳои вомбаргҳои хусусӣ подош талаб намуда истодаанд. Фарқияти миёнаи фурӯши вомбаргҳои нави хусусӣ ва давлатӣ аз 154,2 банди базавӣ дар моҳи январ то 179,5 банди фоизӣ дар моҳи август боло рафтааст. 

https://www.vestifinance.ru/articles/124489