Рушди иқтисодиёти Федератсияи Россия аз ҳисоби муноқишаҳо миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой
Дар Гузориши Академияи савдои берунаи умумироссиягии назди Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия қайд гардидааст, ки низоъҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба афзоиши ММД-и Россия ба 0,01 банди фоизӣ таъсири мусбӣ мерасонад.
Таъсири равандҳои ҷорӣ ба иқтисодиёти Федератсияи Россия то ҳол нокифоя буда, тибқи маълумоти пешакӣ ин раванд метавонад барои дарёфти нуқтаҳои савдо дар бозорҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой барои соҳибкорони россиягӣ мусоидат намояд.
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Федератсияи Россия метавонанд, таъмини молҳоро ба бозори Хитой дар бисёр мавқеъҳо зиёд намоянд.
https://www.vestifinance.ru