Коҳишёбии касри буҷети Фонди нафақаи Федератсияи Россия дар соли 2022
«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти пешакии лоиҳаи буҷети Фонди нафақаи Федератсияи Россия ҳаҷми трансфертҳо аз буҷети федералӣ ба Фонди нафақаи Россия дар соли 2020 ба 3,338 трлн. рубл, соли 2021 ба 3,236 трлн. рубл (3,0 фоиз кам) ва дар соли 2022 ба 3,211 трлн. рубл (0,8 фоиз кам) баробар мегардад.
Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати меҳнат даромади Фонди нафақаи Россия дар соли 2020 ба 9,002 трлн. рубл ва дар солҳои 2021-2022 ба 9,297-9,721 трлн. рубл (4 фоиз зиёд) баробар хоҳад гашт.
Бояд қайд кард, ки хароҷоти Фонди нафақа дар соли 2020-ум 9,042 трлн. рубл, соли 2021-ум 9,325 трлн. рубл ва дар соли 2022-юм 9,702 трлн. рублро ташкил мекунад. Касри буҷети Фонд бошад аз 39,313 миллиарди соли 2020 дар соли 2022 ба 18,519 млрд. рубл баробар мегардад.
https://www.vestifinance.ru