Навиди иқтисодӣ



Болоравии сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

«Вести.экономика» дар робита бо маълумоти ширкати «Capital Economics» иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба паҳншавии бемории вабои хукҳои африқоӣ бенатиҷа монда истодааст.

Дар натиҷа нархи гӯшти хук боло рафта, боиси афзоиши таваррум нисбат ба нишондиҳандаи мақсаднок дар соли оянда мегардад, ки дар даҳ соли охир маротибаи аввал ба ҳисоб меравад.

Ширкати «Capital Economics» афзоши нархҳоро дар аввали соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 80 фоиз пешбинӣ кардааст, ки ин ба болоравии сатҳи таваррум оварда мерасонад.

Аз рӯи маълумоти Бюрои омори миллии Хитой дар моҳи август нархи гӯшти хук дар кишвар бо ҳисоби солона 46,7 фоиз афзоиш ёфта, болоравии назарраси сатҳи таваррум нисбат ба моҳи июл аз ҳисоби боло рафтани нархи гӯшти хук ба миён омадааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳи август дар сатҳи 2,8 фоиз боқӣ монд ва ин нишондод нисбат ба нишондиҳандаи мақсаднок барои соли 2019 кам мебошад.

Ҳамин тавр сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2019 бо ҳисоби миёна 3,5 фоиз ва дар соли 2020 4,0 фоиз нишон дода шудааст.

 https://www.vestifinance.ru/articles/124995

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное