Афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ дар минтақаи Евро
Ҳаҷми карздиҳӣ дар минтақаи Евро дар моҳи август зиёд гардид, ки ин фаъолнокии иқтсодиётро дар минтақа новобаста аз таъсири омилҳои беруна нишон медиҳад.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Аврупо ҳаҷми қарздиҳӣ дар моҳи август бо ҳисоби солона 4,3 фоиз афзоиш ёфт, ки нисбат ба моҳи июл 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Афзоиши ҳаҷми карздиҳии хонаводаҳо дар минтақаи Евро 3,4 фоизро ташкил дод.
Бояд қайд кард, ки ҳаҷми карздиҳӣ дар минтақаи Евро пас аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ соли 2014 барқарор гардид, аммо суръати афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи то соли 2008 пастар боқӣ мондааст.
Дар соли 2007 ва аввали соли 2008 ҳаҷми қарздиҳӣ зиёда аз 12 фоизро такшил медод.