Навиди иқтисодӣ



Ҷумҳурии Ҳиндустон андози корпоративиро ба маблағи 20 млрд. доллари ИМА кам мекунад

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Ҷумҳурии Ҳиндустон кӯшиш намуда истодааст, ки тавассути кам кардани андози корпоративӣ ба маблағи 20 млрд. доллар рушди иқтисодиёти кишварро зиёд намояд.

 

Вазири молияи Ҳиндустон изҳор намуд, ки меъёри андози корпоративӣ барои ҳамаи ширкатҳои ватанӣ аз 30 фоизи амалкунанда то 22,0 фоиз паст карда мешавад.

Ҳамзамон барои корхонаҳои саноатии навтаъсис меъёри базавӣ ба андозаи 15 фоиз муайян карда мешавад, ки дар натиҷа сарбории андоз дар Ҷумҳурии Ҳиндустон то сатҳи давлати Сингапур паст мегардад.