Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии сатҳи бекорӣ дар минтақаи Евро

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» сатҳи бекорӣ дар 19 кишвари минтақаи евро дар моҳи августи соли ҷорӣ назаррас коҳиш ёфт.

Аз рӯи маълумоти Идораи омори Аврупо (Eurostat) сатҳи бекорӣ дар минтақаи евро дар моҳи августи соли ҷорӣ 7,4 фоизро ташкил дод. Шумораи бекорон дар ин давра ба 12169 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба моҳи июл 115 ҳазор нафар кам мебошад.

 

Дар 28 кишвари Иттиҳоди Аврупо сатҳи бекорӣ аз 6,3 фоиз то 6,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Шумораи бекорон дар Иттиҳоди Аврупо дар моҳи август нисбат ба моҳи июл 111 ҳазор нафар кам шуда, 15432 ҳазор нафарро ташкил намуд.

Дар моҳи август дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо аз ҳама нишондиҳандаи сатҳи пасти бекорӣ дар Ҷумҳурии Чехия (2,0 фоиз) ва Олмон (3,1 фоиз) ва аз ҳама нишондиҳандаи сатҳи баланди бекорӣ дар Юнон (17,0 фоиз дар моҳи июн) ва Испания (13,8 фоиз) ба қайд гирифта шуд.

https://www.vestifinance.ru/articles/125813