Ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили минтақаи савдои озод байни Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё ва давлатҳои аъзои он бо Ҷумҳурии Сербия
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия бо Амри Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 октябри соли 2019, №2310-р Созишнома дар бораи савдои озод байни Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё ва давлатҳои аъзои он бо Ҷумҳурии Сербия ба имзо расонида шуд.
Ба ақидаи сафири Россия дар Сербия дар оянда Сербия ҳамчун муттаҳидкунанда байни Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё баромад хоҳад кард.
Дар соли 2018 гардиши савдо хориҷӣ байни Сербия ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё 2,0 млрд. долларро ташкил намуд.