Афзоиши истихроҷи нафт дар Ҷумҳурии Халқии Хитой
Тибқи маълумоти Идораи омори давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой истихроҷи нафт дар моҳи сентябр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз афзоиш ёфта, ба 15,6 млн. тонна баробар гардид.
Воридоти нафт 10,8 фоиз зиёд шуда, 41,2 млн. тоннаро ташкил намуд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи нафт дар кишвар ба 143,1 млн. тонна расид. Истихроҷи гази табиӣ нисбат ба моҳи гузашта 10,6 фоиз афзуда, 13,5 млрд. метри мукаабро ташкил дод. Дар баробари ин, дар 9 моҳ истеҳсоли гази табиӣ 9,5 фоиз афзуда, ба 127,7 млрд. метри мукааб расонида шуд. Воридоти он 10 фоиз зиёд шуда, ба 71,22 млн. тонна баробар гардид.
Хитой ба нақша гирифтааст, ки то соли 2020 истихроҷи солонаи нафт то 200 млн. тонна ва газ то 360 млрд. метри мукааб афзоиш диҳад.