Афзоиши ҳаҷми савдои чакана дар Ҷопон
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдои чакана дар Чопон 9,1 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи баландтарин аз соли 2014 то инҷониб мебошад.
Ба назардошти он ки меъёри андоз аз фурӯш баланд бардошта мешавад истеъмолкунандагон ҳаҷми зиёди ашёҳои калонро харидорӣ намуданд, ки ин боиси афзоиш ёфтани савдои чакана гардид.
Бахусус дар ин давра фурӯши мошинҳо, ашёҳои рӯзгор, маводҳои ороишӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос бештар ба назар расидааст.
Таҳлилгарони Агентии «Reuters» афзоиши ҳаҷми савдои чаканаро ба андозаи 6,9 фоиз пешгӯӣ намуда буданд.
Бояд қайд кард, ки аз 1 октбяри соли ҷорӣ меъёри андоз аз фурӯш дар Ҷопон аз 8 фоизи амалкунанда то 10 фоиз баланд карда шуд.