Афзоиши ҳаҷми қарзи давлатии Украина
Тибқи маълумоти Вазорати молияи Украина ҳаҷми қарзи давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад дар моҳи сентябри соли 2019 ба андозаи 1 фоиз ё 1 млрд. доллар зиёд шуда, 83 млрд. долларро ташкил дод.
Дар моҳи сентябри соли 2019 маблағи қарзи давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад бо гривен ба андозаи 69,44 млрд. кам ва бо доллар 1,02 млрд. зиёд шуд.
Тибқи буҷети давлатии Украина ҳаҷми хизматрасонии қарзи давлатӣ дар соли 2020-ум 11,8 млрд. доллар пешгӯӣ карда мешавад.
Дар охири соли 2020 аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 42 фоизро қарзи дохилӣ ва 58 фоизро қарзи беруна ташкил медиҳад.