Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии иқтисодиёти Фаронса дар соли 2020

.

Вазири молияи Фаронса изҳор дошт, ки дар соли 2020 иқтисодиёти ин кишвар метавонад ба таназзули шадид дучор шавад, ки он аз таназзули пас аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бештар аст.

 

Ҳукумати Фаронса моҳи гузашта дар буҷети таҷдидшуда вобаста ба ҳолати фавқулодда ҳисоб намуда буд, ки соли ҷорӣ иқтисодиёти кишвар 1,0 фоиз коҳиш меёбад.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Фаронса тақрибан 5 млн. корманди фаронсавӣ ва ё аз чор як ҳисса дар бахши хусусӣ ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шудаанд. Айни замон аз се ду ҳиссаи иқтисодиёти Фаронса фаъолият мекунад.

https://www.vesti.ru/doc.html?id=3254574