Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҳиндустон 1 млрд. доллар ҷудо мекунад
Бонки Ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба Ҳиндустон ёрии таъҷилии молиявӣ дар ҳаҷми 1 млрд. доллар ҷудо менамояд.
Ин бузургтарин дастгирӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустии Ҳиндустон буда, маблағҳои ҷудошуда барои беҳтар кардани таҳқиқоти коронавирус, дастгирии табибон ва кормандони тиб, хизматрасонҳо дар соҳаи тиббӣ ва муассисаҳои илмии тиббӣ истифода мешаванд.
Дар маҷмӯъ Бонки Ҷаҳонӣ омода аст барои кумак ба кишварҳое, ки бо пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва оқибатҳои сар задани он мубориза мебаранд 160 млрд. доллар ҷудо намояд.