Бозори нафт дар нимсолаи дуюм мӯътадил мегардад
Тибқи гузориши ОПЕК дар нимсолаи дуюм бозори нафт тадриҷан муътадил гардида, эҳтимоли барқароршавии талабот ба нафт дар назар аст.
Бо назардошти таъсири коронавирус дар бозори ҷаҳонии нафт, ки ба иқтисоди ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад, афзоиши талабот дар соли оянда низ дар сатҳи рекордии 7 млн. баррел дар як шабонарӯз дар назар аст. Аммо дар маҷмӯъ талабот дар сатҳи пасти то бӯҳрон мебошад.
Соли ҷорӣ истихроҷи нафт асосан дар ИМА, Россия, Канада ва Қазоқистон коҳиш меёбад ва дар Норвегия, Бразилия, Гайана ва Австралия афзоиш хоҳад ёфт. Соли оянда ОПЕК афзоиши таҳвили нафтро аз ИМА, Бразилия, Норвегия, Канада, Австралия, Эквадор ва Қатар дар назар дорад.