Навиди иқтисодӣ



Паст кардани тарифҳои барқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вақти истифодабарии шабона

.

Мақомоти Ӯзбекистон дар давраи аз соати 10-и шаб то 6-и саҳар, тарифҳои нерӯи барқро барои субъектҳои иқтисодӣ ва соҳибкороне, ки бо иқтидори то 750 кВА дар се баст фаъолият мекунанд, 1,5 маротиба паст кард.

 

Амали мазкур тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба кам кардани вобастагии соҳаҳо аз маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ тавассути баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодиёт ва истифодаи захираҳои мавҷуда» роҳандозӣ гардидааст.

https://uz.sputniknews.ru/economy/20200713/14528268/V-Uzbekistane-snizyat-tarif-na-elektroenergiyu-v-nochnoe-vremya.html