Навиди иқтисодӣ



ММД-и кишварҳои БРИКС дар соли 2021 6-7 фоиз меафзояд

.

 Дар форуми молиявии Механизми ҳамкории байнибонкии БРИКС роҳбари Бонки иқтисоди хориҷии Россия хабар дод, ки тибқи баҳодиҳии Институти тадқиқотӣ ва экспертизаи Бонк дар соли 2021 суръати рушди иқтисодиёти БРИКС 6-7фоизро ташкил медиҳад. Ӯ қайд кард, ки давлатҳои БРИКС аз ҳолати бӯҳронӣ бо суръатҳои гуногун вобаста аз ҳаҷми қарзи давлатӣ ва касри буҷет, инчунин имкониятҳои татбиқи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ мебароянд. Санаи 17 ноябри соли 2020 таҳти роҳбарии Владимир Путин саммити XII-уми БРИКС дар реҷаи видеоконфоронс баргузор гардид. Президенти Федератсияи Россия ҳангоми суханронӣ дар саммити иттиҳодияи байнидавлатӣ қайд кард, ки кишварҳои БРИКС ба эпидемия омода буданд ва ҳоло Бонки нави Рушди БРИКС барои мубориза бо пандемия 10 млрд. доллар захира кардааст. Кишварҳои БРИКС панҷ сол қабл дар Эъломияи Уфа барои якҷо мубориза бурдан бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мувофиқа расида, системаи огоҳкунии бармаҳали эпидемияро таъсис додаанд. Кишварҳои БРИКС мехоҳанд то соли 2021 ҳаҷми сандуқи сармоягузории бонкро ба 23 млрд. доллар расонанд. Бонки Нави Рушд дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, ки моҳи июли соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст. 

 

 vesti.ru