Навиди иқтисодӣ



Андозбандии крипто-асъор дар Федератсия Россия

.

Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонун дар бораи андозбандии даромад аз амалиёт бо крипто-асъорро қабул кард. Ин санад аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳа дар Кодекси андоз эътироф кардани пули рақамӣ ҳамчун амвол пешниҳод карда шудааст. Сарвазири Федератсияи Россия изҳор намуд, ки лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки соҳиби крипто-асъор ба қонунгузорӣ такя карда, ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонад.

Мувофиқи лоиҳаи мазкур шаҳрвандон ва ташкилоте, ки фаъолияти худро бо крипто-асъор ба роҳ мондаанд ва ҳаҷми амалиёти онҳо дар як сол беш за 600 ҳазор рублро ташкил медиҳад, вазифадор мешаванд, ки декларатсия пешниҳод намоянд.