Бонки мардумии Хитой меъёри фоизиро бетағйир монд
Бонки мардумии Хитой 25 феврал меъёри фоизи қарзиро бо мақсади барқарорсозии иқтисодиёти кишвар пас аз бӯҳрон, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус ба амал омад, дар сатҳи 3,85 фоиз бетағйир монд.
Дар баробари ин ММД-и Хитой дар соли 2020-ум 2,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ин пасттарин суръати рушди иқтисодиёт дар 40 соли охир ба ҳисоб меравад.
Хитой ягона кишвари тараққикарда мебошад, ки дар соли 2020 иқтисодиёти он рушд ёфтааст. Дар соли 2020 таназзули иқтисодиёти ИМА 3,6 фоиз, минтақаи евро 7,4 фоиз, Россия 3,1 фоиз ва ҷаҳон 4,3 фоизро ташкил дод.