Афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни Федератсияи Россия ва Хитой
Тибқи маълумоти Сарраёсати гумрукии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаҷми гардиши савдо байни Россия ва Хитой дар семоҳаи якуми соли 2021 ба ҳисоби солона 15,4 фоиз афзоиш ёфта, ба 29,3 млрд. доллар баробар гардид.
Рушди содироти Хитой ба Россия 42,7 фоиз (то 13,1 млрд. доллар)-ро ташкил дод. Содироти мол аз Россия ба Хитой 0,1 фоиз (то 16,2 млрд. доллар) коҳиш ёфт.
Дар семоҳаи якуми соли 2021 тавозуни мусбии Федератсияи Россия 3,1 млрд. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 фоиз кам гардид.