Арзёбии зарари молиявии Федератсияи Россия дар заминаи чораҳои маҳдудкунанда
Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия зарари молиявии кишварро вобаста ба ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо (чораҳо барои ҳифзи бозор, чораҳои ғайри тарифӣ ва таҳримҳо) аз ҷониби дигар кишварҳо баҳодиҳӣ намудааст.
Тибқи маълумоти вазорат дар охири соли 2018-ум 62 кишвари ҷаҳон нисбат ба Россия 159 чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ намудаанд, ки таъсири он ба иқтисодиёти кишвар 6,6 млрд. долларро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 25 маҳдудият, Украина 22, Ҳиндустон 16, Белорус 13, Туркия 12, ИМА 9, Австралия 6, Тайланд 5, Ветнам ва Бразия 5 маҳдудиятӣ ҷорӣ карда шудааст.