Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини гази моеъ дар Аврупо ҷойи аввалро ишғол намуд
Агентии «Reuters» тибқи маълумоти терминали «Refinitiv Eikon» иттилоъ дод, ки Федератсияи Россия дар моҳи феврал гази моеъро ба Аврупо дар ҳаҷми 1,4 млн. тонна ё 19 партия (ҳаҷми муайяни маҳсулот) интиқол намуд ва дар миёни як қатор интиқолкунандагони гази моеъ ҷойи аввалро ишғол намуд.
Зинаи дуюмро оид ба таъмини гази моеъ дар моҳи феврал бо ҳаҷми 1,3 млн. тонна ё 18 партия давлати Қатар ишғол намуд. Ҷумҳуриҳои Алҷир ва Нигерия ба Иттиҳоди Аврупо мутаносибан 18 ва 16 партиягӣ гази моеъ интиқол намуданд.
Интиқоли гази моеъ аз ИМА ҳамагӣ 0,6 млн. тонна ё 9 партияро ташкил намуд, ки то сатҳи пасттарини моҳи ноябри соли 2018 коҳиш ёфтааст.