Афзоиши назарраси талабот ба нафт дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2025
Таҳлилгарони «Morgan Stanley» пешбинӣ менамоянд, ки талабот ба нафт дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2025 ба сатҳи максималӣ баробар мегардад.
Мутобиқи маълумоти коршиносон дар ҳолати аксари кишварҳои бо иқтисодиёти тараққиёфта афзоиши истеъмоли нафтро бо назардошти зиёдшавии талабот ба автомошинаҳо пешбинӣ менамоянд, дар Хитой нақлиёти барқӣ, инчунин хатҳои баландсуръати роҳи оҳан фаъолона пеш рафта истодаанд, ки ба коҳишёбии талаботи сузишвории автомобилҳо мусоидат менамояд.
Татбиқи чунин дурнамо тағйироти ҷиддиро дар бозори ҷаҳонии нафт ба миён меорад, зеро ҳиссаи Хитой дар талаботи ҷаҳонӣ назаррас мебошад.