Ҷумҳурии Халқии Хитой намехоҳад аз мақоми кишвари тараққикардаистода дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо даст кашад
Тибқи маълумоти Агентии «South China Morning Post» Ҷумҳурии Халқии Хитой намехоҳад аз низоми махсус ва фарқкунанда, ки он ҳамчун кишвари тараққикардаистода дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо истифода мебарад, даст кашад.
Новобаста аз он ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дуюмин кишвари иқтисодиёти бузугтарин дар ҷаҳон ва содиркунандаи асосӣ мебошад, мавқеи ӯ дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҳамчун кишвари тараққикардаистода мебошад. Ин мавқеъ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой имкон медиҳад, ки таъмин намудани субсидия дар соҳаи кишоварзӣ ва монеаҳои зиёд барои баромадан ба бозорро нисбат ба кишварҳои тараққикарда истифода барад.
Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон Африкаи Ҷанубӣ ва Венесуэла нисбат ба пешниҳодҳои ИМА оид ба ислоҳоти «низоми махсус ва фарқкунанда» зид баромаданд.