Навиди иқтисодӣ



Зиёд намудани таҳримҳои Украина бар зидди Федератсияи Россия

.

Ҳукумати Украина воридоти номгӯи маҳсулоти манъкардашударо аз Федератсияи Россия зиёд намуд. Бахусус зарфҳо барои консервакунонӣ, контейнерҳо барои нӯшокӣ ва маҳсулот, формалин ва дигар номгӯи маҳсулот мебошанд.

Воридоти пружинаҳо барои ядакҳои вагонҳои боркашонӣ, таҷҳизоти ивазкунандаи барқии дар роҳи оҳан истифодашаванда ва консентратҳо аз Федератсияи Россия манъ карда шудааст.

Украина бар зидди Федератсияи Россия бо баҳонаи дахолат намудани Россия ба корҳои дохилидавлатӣ мунтазам таҳримҳои нав ба нав ҷорӣ намуда истодааст.