«Нафтогаз Украины» иқдоми ҷалби 1 млрд. доллари ИМА аз Ҷумҳурии Халқии Хитойро дорад
«Нафтогаз Украины»-и метавонад маблағгузории 1 млрд. доллари ИМА-ро аз Хитой таҳти суғуртакунонии Агентии содироти қарзи давлатии «Sinosure» ба кишвар ҷалб намояд.
Тибқи маълумоти «Нафтогаз Украины» Агентии содироти қарзи давлатии «Sinosure»-и Хитой ва «Нафтогаз» созишнома оид ба таъмини квотаи суғуртавӣ ба маблағи 1 млрд. долларро бо гурӯҳи «Нафтогаз» ба тасвиб расониданд, ки барои ҷалби маблағгузории қарзӣ ва сармоягузориҳои мустақим аз Хитой дар доираи маблағи мазкур метавонад имконият диҳад.
Дар марҳилаи якум таҳти суғуртакунонии «Sinosure» барои маблағгузории шартномаҳои «Укргаздобычи» барои интиқоли таҷҳизоти пармакунӣ бо ширкатҳои хитойӣ метавонанд 160 млн. доллар ва дар марҳилаи дуюм 800 млн. долларро ба дигар намуди лоиҳаҳо ҷалб намоянд.