Боздид аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”
Нимаи дуюми рӯзи 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”-ро тамошо карданд.
“ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин-2019” таҳти унвони “Ҳаёти сабз-манзили зебо” 162 рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки 16 млн нафар аз ин намоишгоҳ дидан намоянд. Дар ЭКСПО 110 сохтори намоишдиҳандаи байналмилалӣ ва 120 намоишдиҳандаи ғайрирасмӣ иштирок хоҳанд кард, ки дар таърихи баргузории ЭКСПО нишондоди рекордӣ аст.
Масоҳати макони баргузории ин маъракаи боғдорӣ 503 гектар буда, дар канори дарёи Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин ҷойгир аст. Аз ин хотир, ЭКСПО-и навбатиро “Намоиши боғдории зери Девори бузурги Чин” низ ном мебаранд.
Майдони баргузории ЭКСПО аз толори Чин, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ, маркази ҳунарнамоӣ иборат аст. 94 чатри бари ҳам қоматафрохта толори байналмилалии ЭКСПО-ро ташкил мекунад. Аз рӯи тарҳҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кишварҳои хориҷ, маълум мешавад, ки дар ЭКСПО боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардуми ин кишварҳо сохта мешавад.
Барои тамошобинон дар ЭКСПО толори васеи тамошои фарҳанги боғдорӣ, тамошои гулу гиёҳҳои рангоранг пешбинӣ шуда, онҳо имкон доранд зиёда аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро бубинанд. Ҳамзамон сайёҳон имкон доранд, ки аз санъати меъмории кишварҳои гуногун дидан намуда, бо фарҳанги пурғановати мамлакатҳо ошно шаванд. “ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин - 2019” саҳнаи ба ҳам омадани тамоми навовариҳои соҳаи боғдории ҷаҳон аст.
Ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳ аз ҳам фарқ мекунад, аммо ҳамаи ҷонибҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоти худро муаррифӣ намуда, майлу хоҳиши худро дар робита ба ҳифзи табиат ва экология ифода намоянд.