Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
20 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариш ва таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишвари Чин манфиатдор ҳастем.
Аз сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои робитаҳои дуҷониба, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмӣ ва давлатии сарони давлатҳо, татбиқи нишондиҳандаҳои санадаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ ва иштироки ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат,энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва илму технология муҳокима карданд.
Дар ин замина тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуҳои дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, мусоидат ба ҳали мусолиҳатомези вазъи сиёсию амниятӣ дар кишварҳои минтақа ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
http://president.tj/node/20198