Навиди Вазорат



Мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Маркази байналмилалии тиҷорат

.

Рӯзи 21 майи соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва иштироки Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Умед бо Директори Маркази байналмилалии тиҷорат (МБС) Аранча Гонзалез баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Завқизода З. А. аз ҳамкориҳои судманд бо ҷониби МБС изҳори қаноатмандӣ намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан дар самтҳои иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо муаррифӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳисаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 фоизи соли 2015 ба 25,3 фоиз дар соли 2018 ва шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то 110 кишвар зиёд гардида, диверсификатсияи содирот аз 150 то тахминан 480 номгӯи молҳо беҳтар карда шуд.

Ҷониби МБС аз дастовардҳои ҶТ дар самти соддагардонии расмиёти савдо ва иштироки фаъолона дар фаъолияти СУС изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои зиёд намудани кӯмаку дастгириҳои ин созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо иброз намуд.