Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

 

 

Дар рафти маҷлис ҳисоботи котиби масъул оид ба рафти иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» доир ба фаъолияти кори минтақаҳо дар соли 2019 шунида шуд. Инчунин вазъи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП984 вобаса ба ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодии дигар дар ҳудуди мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир аз тарафи Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бозҳам пурзӯр намудани корҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2019 як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.