Навиди Вазорат



Боздид аз намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии вилояти Хатлон дар бозори Каёнӯши ноҳияи Данғара

.

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз Намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази савдои Каёнӯш намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳӣ ва дигар дастовардҳоро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ муаррифӣ карданд.

Мақсад аз намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои чорводорӣ ва бад-ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории намоиши чорвои хушзот нахуст навгониҳои озмоишгоҳи бойторӣ ва дигар дастовардҳои Муассисаи давлатии бордоркунии сунъӣ пешкаш карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири бордоркунии сунъии чорво, ки бо мақсади хушзоткунӣ амалӣ карда мешавад, хоҷагиҳои чорвопарвар тайи солҳои охир ба пешрафтҳои зиёде ноил гардидаанд.

Дар Намоишгоҳ хоҷагиҳои чорвопарвари вилояти Хатлон зиёда аз 150 сар чорвои калони зотҳои шветсу зебумонанд, сиёҳало, сементал, қазоқии сар сафед, абердин-ангус ва 630 сар моли майдаи зотҳои ҳисорӣ, қароқулӣ, тоҷикӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва наздики 30 сар аспи тоҷикиро ба маъраз гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар вилояти Хатлон 13 хоҷагии давлатию ҷамъиятӣ оид ба парвариши чорвои калони зотӣ, 13 хоҷагӣ оид ба нигоҳубини чорвои майдаи зотӣ, 2 хоҷагӣ оид ба парвариши аспи тоҷикӣ, як хоҷагии моҳипарварии зотӣ ва дар маҷмӯъ 29 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯшту шир мусоидати фаъол мекунанд.

Президенти мамлакат зимни боздид аз намоишгоҳ бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин бо дарназардошти мавҷудияти имконоти васеъ дар самти истеҳсол ва коркарди гӯшту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати онҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳо дар ин самт бояд тақвият дода шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ба ҳолати 1 майи соли 2019 985 ҳазору 544 сар чорвои калони шохдор ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазору 263 сар зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ин давра саршумори моли майда ба 2 миллиону 435 ҳазор сар расидааст, ки нишондоди мазкур дар муқоиса ба соли 2018 75 ҳазор сар зиёд аст.

Чорвопарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулотро сол аз сол дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзун намуда, талош мекунанд, то дар таъмини ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, яъне амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас дошта бошанд.

Танҳо давоми 4 моҳи соли 2019 чорводорони вилоят истеҳсоли маҳсулотро ба 663 миллиону 905 ҳазор сомонӣ расондаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 миллиону 383 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар маҷмӯъ бино ба таъкиди масъулини соҳа, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 109 дарсадро ташкил дод.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 190 тонна расонида шуда, чорводорон 94 ҳазору 542 тонна шир истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 713 тонна бештар мебошад.

Чорводорони вилояти Хатлон ҳамасола дар заминаи дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беталаф баровардани чорво аз зимистон ва захираи барзиёди хӯроки чорво маъракаи наслгириро ҳам бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, моли хушсифат ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маъракаи имсолаи наслгирӣ чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 9 ҳазору 851 сар гӯсола, 176 ҳазору 740 сар барраю бузғола ва 2 ҳазору 269 сар тойча насл гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намунаи аспҳои хушзот, ки дар ин намоишгоҳ пешкаш гардида буд, ба масъулин барои тараққӣ додани соҳаи асппарварӣ ва афзун намудани шумораи хоҷагиҳои соҳавӣ дастур доданд.

Таъкид гардид, ки саршумори асп то 1-уми майи соли равон дар вилоят ба 58 ҳазору 699 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 244 сар зиёд мебошад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон баробари чорводорӣ ба парандапарварӣ ва моҳидорӣ низ таваҷҷуҳ бештар гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвар ва фабрикаҳои мурғпарварӣ низ сол аз сол афзун мегардад.

Зимни боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гӯшаи дигари намоишгоҳ, ки дар он наздики 10 намуди паранда ба тамошо гузошта шуда буд, зикр гардид, ки феълан дар бахшҳои ҷамъиятию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 11 фабрикаи парандапарварӣ бо фарогирии наздики ду миллион сар мурғ фаъолият дорад, ки сол аз сол истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар миқёси вилоят афзун карда мешавад.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 28 миллиону 587 ҳазор донна тухм истеҳсол намудаанд, ки нисбати соли гузашта 1 миллиону 798 ҳазор донна зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Данғара, ки ду корхонаи парандапарварии ба номи Кооперативи тиҷоратии ба номи “Раҳмонҷон” фаъолият дорад, танҳо дар 4 моҳи соли равон 120 тонна гӯшт ва 1 миллиону 200 ҳазор донна тухм истеҳсол ва пешниҳоди қисмҳои низомии мамлакат карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба натиҷаҳои кори хоҷагиҳои давлатии моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят моҳипарварӣ низ дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат сол аз сол бо зиёд гардидани хоҷагиҳои моҳипарвар рушд мекунад ва барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон феълан 221 хоҷагии моҳипарвар бо фарогирии майдони 2 ҳазору 244 гектар кӯлу ҳавзҳо фаъолият дорад ва соли 2018 моҳипарварон 1625 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол ва пешниҳоди сокинон намудаанд.

Дар гӯшаи намоишгоҳ, ки раванди тавлиди инкубатсионии моҳӣ ва кирминачамоҳиҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, моҳипарварон зимни суҳбати самимӣ таъкид доштанд, ки соли равон бо зиёд намудани шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар нақша доранд, ки 1750 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ хоҳанд кард.

Чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории ингуна намоиши сатҳи баланди дастовардҳоро омили муҳим ва такондиҳанда ба пешрафти ин соҳаи афзалиятнок дар мамлакат унвон намуда, таъкид доштанд, ки дар заминаи дастурҳои Ҳукумати мамлакат талош мекунанд, то дар татбиқи ҳадафҳои асосии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 саҳми бештар дошта бошанд.

 

http://www.president.tj/node/20217