Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Давлати Қатар ҳамчун яке аз марказҳои иқтисодиву молиявӣ ва сиёсии олам дар низоми равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳи муҳим мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории тоҷикиву қатарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, техникӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти имрӯза буд, ки ҷонибҳо барои татбиқи амалии онҳо изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар рафти мулоқоти самимӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва дигар мавзуъҳои мубрам, муҳокима карда шуд.