Навиди Вазорат



Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

.

15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи муносибатҳои ҳасанаи тарафайн дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва шарикии дарозмуддат ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон, баргузории Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия, ки метавонанд ба рушди ҳамкории байни сармоягузорон ва соҳибкорони ду кишвар мусоидат намоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи нақлиёту боркашонӣ, бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша карда, ҳавасмандии худро барои амалӣ кардани онҳо иброз доштанд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзадаи минтақа ва ҷаҳон, ҳалли қазияи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму эктсремизм, муҳокима карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

http://www.president.tj/node/20385