Вохурӣ бо Рохбари навтаъйини Дафтари барномахои САХА дар шахри Душанбе чаноби Валериу Кивер
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохурии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари навтаъйини Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Валериу Кивер баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ барои соли ҷорӣ ва соли минбаъда, аз ҷумла доир ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, таҳияи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва мусоидат барои татбиқи он, инчунин пиромуни густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар сӯҳбат намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.