Дастовардҳои соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи 53-уми Гурӯҳи муштараки машваратии Маркази Байналмилалии Савдо муаррифӣ гардид
Зимни суханронии худ Муовини якуми Вазирирушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаи солонаи 53-уми Гурӯҳи муштараки машваратии Маркази Байналмилалии Савдо (МБС) дастовардҳои соҳаи савдои кишварро баъд аз шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) муаррифӣ намуд.
Завқизода Завқӣ Амин аз ҳамкориҳои судманд бо ҷониби МБС изҳори қаноатмандӣ намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан дар самтҳои иштироки кишвар дар СУС, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи ислоҳоти татбиқгардида ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20% дар соли 2015 ба 25,4% дар соли 2018, шарикони савдои кишвар аз 90 ба 110 ва номгӯи маҳсулоти содиршуда аз 150 ба 480 зиёд шуданд.
Дар доираи кӯмакҳои техникӣ ва молиявии МБС иштироки зиёда аз 1200 корманди вазорату идораҳо ва намояндагони бахши хусусӣ дар семинарҳои омӯзишӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва таъсиси Портали Савдои Тоҷикистон ҳамчун корҳои иҷрошуда зикр гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдо ва иштироки фаъолона дар фаъолияти СУС баҳои баланд дода, МБС омодагии худро барои зиёд намудани кӯмаку дастгириҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо иброз намуд.