Навиди Вазорат



Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ

.

 

Рӯзҳои 24 - 25 июни соли 2019 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ таҳти роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссия, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо дар бораи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ва иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи дар доираи Комиссияи мазкур баимзорасида, инчунин вобаста ба боло бурдани савдои хориҷӣ, ҷалби сармия, ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва нақлиёти ҳавоӣ, муҳоҷират ва шуғл, маориф ва илм, тандурустӣ, туризм ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷом тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуданд.