Мулоқоти Вазир бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон
Рӯзи 2 июли соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Умар Аюбхон, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо вабаста ба ҷоннок намудани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои саҳои энергетика, ба таври лозима истифода намудани иқтидорҳои транзитии кишварҳо, рушди бахши хусусӣ ва фазои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, диверсификатсияи савдои хориҷӣ, рушди туризм ва инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.