Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, сипас оид ба Ёддошти иқтисодии кишвар, ки аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таҳия гардидааст, мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин дар рафти маҷлис як қатор масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла тамоюли мусбии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва ҷалби технологияҳои муосиру инноватсионӣ, шуғли пурмаҳсул ва ҷойҳои нави корӣ, фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди содирот ва воридотивазкунӣ ва иқтисодиёти рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро баён доштанд.