Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Нимаи дуюми рӯзи 26 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссик-Кул меҳмони олиқадр-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков самимона истиқбол гирифтанд.