Баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017 – 2019
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об - Усмоналӣ Усмонзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон - Найтхарт Хёфер-Виссинг маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017 – 2019 баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии созишномаи мазкур 27 000 000 евро (бо ҳарф: бисту ҳафт миллион евро) - ро ташкил намуда, он барои амалигардонии лоиҳаҳои «Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ» ва «НБО Себзор» равона карда мешавад.