Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Ҳиндустон.

.

 

 

 

 

Рӯзи 20 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Вираҷ Сингх баргузор гардид. 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ва иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи дар доираи Комиссияи мазкур баимзорасида, инчунин рушди савдои хориҷӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мухталифи тоҷикистонӣ ба бозори Ҳиндустон, ҷалби сармояи ҳиндӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, ҳамкорӣ дар самти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, истифодаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҷалби сайёҳони ҳиндӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. 

Дар анҷом ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баён доштанд.