Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Ҳамкории Иқтисодиро мавриди муҳокима қарор дода, дар бораи рушд ва тавсеъаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои дар доираи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное