Ифтитоҳи ҶСП “Заводи асфалту бетон” дар шаҳри Душанбе
27 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Заводи асфалту бетон”-ро ифтитоҳ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти дастгоҳи наву муосири истеҳсоли асфалт ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 то инҷониб фаъолият карда истодааст.
Шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳанд ва баъди васлу насби коргоҳи муосир дар ин ҷо боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфт.
Коргоҳи истеҳсоли асфалт аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ наздики 2000 тоннаро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти корхона ба хотири саҳм гузоштан дар рушду пешрафти пойтахт, ободу зебо кардани кӯчаю хиёбон ва роҳҳои шаҳр ҳамчун иқдоми саховатмандона солҳои 2017 то 2019 дар маҷмуъ наздики 30 километр роҳҳои шаҳри Душанберо асфалтпуш кардаанд.
Дар асоси шартнома бошад, корхона дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ 47 километр роҳро азнавсозӣ кардаст.
Дар корхонаи асфалтбарорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмоишгоҳи муосир боздид ба амал оварда, бо шароити кор ва самти фаъолияти он шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳҳо на дар ҳама корхонаҳои истеҳсолӣ мавҷуд аст ва ҳадафи таъсисашро мутахассисон таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти корхона арзёбӣ мекунанд.
Заводи асфалтбарорӣ аз лиҳози экологӣ хеле мувофиқ аст ва ба ҳамаи меъёрҳои экологӣ ҷавобгу мебошад.
Дар Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Заводи асфалту бетон” дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтобетони сангрезаю мастики - “ШМА”, истеҳсол карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин ҷо дигар масолеҳи сохтмонии дар бунёди роҳҳо истифодашаванда тайёр карда мешавад.
Дар сехҳои корхона маҳсулоти оҳану бетонӣ, аз қабили канорасангҳои бари роҳ, новаҳои оҳану бетонӣ, болопуши новаҳои оҳану бетонӣ, ҳалқаҳои бетонӣ, болопуши ҳалқаҳои оҳану бетонӣ, тахтасангҳои роҳҳои пиёдагард, маҳсулотҳои оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои қубурҳои гармидиҳанда аз маҳсулоти дигари коргоҳ аст, ки бо сифати ҷавобгу ба талабот истеҳсол мегардад.
Бо истифода аз имконот дар дохили корхона аз тарафи роҳбарияти он ҳамчунин сехҳои гуногун, устохонаҳо бо таҷҳизоти мухталиф фаъолият дорад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли асфалту бетон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Тоҳир Ҳукуматов барои иқдоми шоиста ва пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои корӣ дастоварди арзанда ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби шахсони ватандӯст бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар амалӣ мегардад.